- қайд
- [قيد]а1. кит. банд ва ресмоне, ки ба дасту пои одам ё ба пои ҳайвон мебанданд; банду баст; ҳабс, зиндон; дом, банд; ба тариқи истиора: қайди ишқ, қайди нангу номус, қайди ғам, қайди ғаму ғусса; қайду банд // банду қайд банд, дом; дар қайд кашидан бандӣ кардан, ба ҳабс гирифтан2. шарт, аҳд, паймон; шарту қайд шарту шароит, қавлу қарор3. дилбастагиҳое, ки одамро аз озодӣ нигоҳ медорад чун зану фарзанд, одоби зиндагии иҷтимоӣ ва м. инҳо; вобастагӣ, маҷбурият4. тазаккур, ёдоварӣ, гӯшзад, ёдрас, зикр; қайд кардан даркор аст, ки…; бояд қайд кард, ки… хотиррасон бояд кард, ки…, ба ёд овардан лозим аст, ки…; тазаккур бояд дод, ки…, сазовори қайд шумурдан қобили зикр донистан5. ёддошт, навиштаи мухтасар дар бораи чизе; қайдҳои сафар ёддоштҳои мухтасар дар бораи сафар; дафтари қайдҳо дафтари ёддоштҳо; дафтари фикру мулоҳизаҳо ва эродҳо6. сабти ном, ягон маълумот ё гузоштани ягон аломати хаттӣ рӯбарӯи номи касе ё номгӯи чизе дар рӯйхат ва ғ. бо мақсади ҳисобгирӣ, ба эътибор гирифтан ё қонунӣ кардани амале, ба расмият даровардани ихтирое ва м. инҳо: қайд кардани чиптаи мусофирон, аз қайд гузаштан, ба қайд гирифтан, ба қайд мондани воситаи нақлиёт…; қайди никоҳ ба расмият даровардани ақди заношӯӣ дар идораи салоҳиятдор, ақди никоҳ; шӯъбаи қайдҳо а) шӯъбаи ба ҳисоб гирифтани мусофирон (аз рӯи билеташон), сабти номи меҳмонон дар меҳмонхонаҳо, шӯъбаи қабули беморон дар дармонгоҳҳо ва ғ; б) киноя аз идораи сабти аҳволи шаҳрвандон; қайд кардан (намудан) а) дарҷ кардан, навиштан, рақам кардан, сабт кардан; б) зикр кардан, гуфтан, хотиррасон кардан, ёдовар шудан; в) чорабиние гузарондан (аз қабили шабнишинӣ, вохӯрии як андоза хотирмон ва ғ.) ба муносибати рӯзи таваллуд, иду ҷашн ё ягон воқеаи назаррас; қайд кунондан а) тарзи бавоситаи қайд кардан (1, 2); б) ниг. никоҳро қайд кардан; қайд шудан тарзи мафъулии қайд кардан (1, 2); никоҳро қайд кардан ақди заношӯиро ба расмият даровардан, дар идораи салоҳиятдор ҳуҷҷати ақди никоҳро тартиб додан; аз қайд баровардан тарзи бевоситаи аз қайд баромадан; аз қайд баромадан аз ҳисоби истиқоматкунандагони манзиле ё аз ҳисоби комиссариати ҳарбӣ хориҷ шудан; аз қайди никоҳ гузаштан ниг. никоҳро қайд кардан; дар қайди ҳаёт будан киноя аз зинда будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.